Хайриддини Хайрандеш-Таджикистан

Ќурбонов Хайриддин Шарифович

Биография Хайриддин Хайрандеш

Хайриддин Хайрандеш (Ќурбонов Хайриддин Шарифович) 4 апрели соли 1961 дар деҳаи Чагами Болои Шӯрообод дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Хатмкрдаи факултаи филолгияи тоҷики Донишгоҳи давлатии милли Тоҷикистон, соли 1983.

То имрӯз ҳол дар вазифаҳои омўзгори фаннҳои забон ва адабиёти тоҷик, нозири калони Маркази иттилооти и Раёсати гумруки вилояти Хатлон, котиби масъули шуъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, директори Гимназияи “Хайрандеш”, муовини сармуҳаррири нашрияи “Иқтисод ва ҳаёт” кор карда, айни ҳол дар вазифаи сармуҳаррири нашрияи ҷумҳуриявии “Пайрав” адои вазифа карда истодааст.

Устод Хайрандеш

Худоё, оҳу сӯзам бахшу дардам бахшу обам кун,

Бидеҳ табъи баландам, шоири олиҷанобам кун.

Масал бо шеър мегӯям, ғазал бо меҳр меҷӯям,

Кабобам кун, харобам кун, вале шоирҳисобам кун.

Ба ман ағёр механдад, ки аз ман ёр меранҷад,

Касе хандад, кассе ранҷад, Ту рӯдори савобам кун.

Намон як қатра ғам зам дар дилам гардад, дар ин дарё,

Ҳубобам кун,  ҳубобам кун, ҳубобам кун, ҳубобам кун.

Расон бар гӯшихок азфайзигулбонгифалаксайрам,

Рубобам кун,  рубобам кун, рубобам кун, рубобам кун.

Каромат кун, ки бетобам, ба чашми кас наметобам,

Маро худ офаридӣ зарра, акнун офтобам кун.

Худоё, гоҳ бедорам, гаҳе хобам, чи ҳол аст ин?

Ту Хайрандеш бедору ту Хайрандеш хобам кун.

***

Ман душманӣ ба марди мусалмон намекунам,

Ман дӯстӣ ба мардуми шайтон намекунам.

Аз дӯст пеши халқ шикоят намебарам,

Ёрон маро кушанд ҳам, афғон намекунам.

То сарватам ғам аст, ба давлат намешавам,

То давлатам кам аст, кам исён намекунам.

Дигар гуноҳи хеш намепӯшам аз рақиб,

Дигар савоби хеш намоён намекунам.

Шайтон, паи фирефтани Хайриддин маё,

Ман тарки ишқу иффату имон намекунам.

***

Кори дунё рафта-рафта-рафта осон мешавад,

Рафта-рафта номусалмон ҳам мусалмон мешавад.

Подшоҳони ҷаҳон адлу адолат гар кунанд,

Ризқи мову рӯзии онҳо фаровон мешавад.

То нафас дар рафтуо бошад, умеди зиндагист,

Мӯр ҳам аз рафтуо хеши Сулаймон мешавад.

Обу нондорат Худо кард, обу нон деҳ халқро,

Обрӯи одамӣ аз обу аз нон мешавад.

Марди некӯкор ҳар ҷо мешавад бологузар,

Ҳарки кори бад кунад охир пушаймон мешавад.

Худнамоиҳо нишони давлату дорандагист,

Пул набошад, одам аз ҳамсоя пинҳон мешавад.

Ҳар куҷо шӯхеву шайтонест, дорад эътибор,

Оҳ, Хайрандеши мо ҳам шӯху шайтон мешавад.

***

Марг, ҳайфо,  бегуноҳонро ба коми хеш бурд,

Он, ки бояд мурд, монду он, ки бояд зист, мурд.

Марг номард аст, қасди ҷони мардон мекунад,

Дар сари марг осиёро мард гардон мекунад.

Марг номард аст, мардонро ба ғафлат мебарад,

Мард ҷон мебахшаду ҷони Ватанро мехарад.

Мард бош, эй марг, раҳ бар ҷони номардон бизан,

Ҳар куҷо номард дидӣ, он тараф ҷавлон бизан.

Мард бош, эй марг, мардонро дигар ғофил нагир,

Ин қадар дар Тоҷикистон хешро қобил нагир.

Тоҷикистон кони мардони банангу ор ҳаст,

Душманони ноҷавонмардаш вале бисёр ҳаст.

Душмани аввал ҷаҳолат ҳаст байни хосу ом,

Душмани сонӣ маҳалбозист, ёрон, вассалом.

Боқӣ бисёранд аз ҳар гӯша сангандози мо,

Душмани берунаандонҳову ҷангандози мо.

Мард бош, эй марг, онҳоро бубар аз ин ҷаҳон,

Тоҷиконро аз разолатҳои номардон раҳон.

***

Меҳри шеъру шоирӣ дар синаи мо ҷо шавад,

Шеъри мо ҳам кош мисли шеъри Мавлоно шавад.

Аз парешонӣ чӣ њосил, аз пушаймонӣ чӣ суд?

Мӯлиёну Оби Рукнобод як дарё шавад.

Бӯи дузах дорад он ҷо, кина дорад бӯишеър,

Ҳар куҷо шеър аст, он ҷо ҷаннат-улмаъво шавад.

Ҳар ки донад қадри шоир, қадри у донад Худо,

Ҳар ки қадри шеър донад, қадрдони мо шавад.

Шеър ҳам дорад намак, моро маранҷон эй амак,

Ҳар ки қадри мо надонад, оқибат расво шавад.

Аблаҳонро гир эй хоку бузургонро бидеҳ,

Қадри шоир, қадри дин, қадри сухан боло шавад.

Оҳ, Хайрандеш як шаб кош дар базми ғазал

Рӯдакӣ бо чангу уду барбаташ пайдо шавад.

***

Оқибат рӯзе хамӯш ин шӯру ғавғо мешавад,

Оқибат ин зиндагӣ таъби дили мо мешавад.

Бар гулистон ҳусни нав мебахшаду маънои нав,

Ҳар гаҳе як ғунчаи бишкуфтае во мешавад.

Мешавад охир гулистон кулбаи эҳсони мо,

Юсуфи гумгаштаи мо боз пайдо мешавад.

Кинаву кудрат намемонад, намемонад ғараз,

Оқибат ёру бародар халқи дунё мешавад.

Ҳайфи ҳарфе, к-аз сари андешагар н-ояд бурун,

Боиси хунрехтанҳо ҳарфи ноҷо мешавад.

Мерасад рӯзе, ки тоҷик дар тамоми ҷабҳаҳо

Даст агар бидҳад амонӣ, дастболо мешавад.

***

Ҳофизу Саъдиву Бедил, Рӯдакиву Мавлавӣ,

Кош ҷамъ оянд гирди суфраи солинавӣ.

Базми Ҷамшедӣ биороянду дил созанд об

Бо дубайтӣ, бо рубоӣ, бо ғазал, бо маснавӣ.

Рӯдакӣ аз пириаш дигар шикоят кай кунад,

Пандҳо гӯяд, ки гардад орифонро дил қавӣ.

Мавлавӣ бигзор садри базму назми мо шавад,

Чунки кард эҷод «Қуръон» бо забони паҳлавӣ.

Вақти покӯбиву дастафшонии Ҳофиз ба шавқ

Ҳазли ширин аз лабони шайх Саъдӣ бишнавӣ.

Хешро Бедил кушояд байт – байту банд – банд,

Завқ бошад базми моро бо ҷаҳони маънавӣ.

Кош Хайрандеш ҳам хонад ғазал, гӯшаш кунанд,

Ҳофизу Саъдиву Бедил, Рӯдакиву Мавлавӣ.

***

Хоҳам, ки ҷуз осудагиву ханда набошад,

Ҷамъиятитоҷикпароканда набошад.

Хоҳам, ки набошад ба Ватан ҳилаву найранг,

Нокас ба касе, кас ба касе банда набошад.

Онро, ки набошад хираду илму адолат,

Дар маҷлиси Олӣ намоянда набошад.

Тутӣчӣ шакархост ба минқори саломат,

Товус чӣ зебост, чу парканда набошад.

Андешаи ҳар кас, ки бувад хайр ба олам,

Бо мост, агар таҳти дилаш ганда набошад.

Эй дӯст, агар омадаӣ аз раҳиёрӣ,

Эй пои ту аз кишвари мо канда набошад.

***

Умри одам гоҳ ҷамъу гаҳ парешон бигзарад,

Зиндагонӣ гоҳ мушкил, гоҳ осон бигзарад.

Пас чаро бояд кашидан миннати ҳар косалес,

Рӯз агар бо косаи обу лаби нон бигзарад?

Лаънати дунё ба он қавме, ки аз пушти тамаъ

Рӯ ба дини дигар орад, ё зи Қуръон бигзарад?

Ҷон азизаст, эй бародар, дар талоши рӯзгор,

Дар сари номус мардоне, ки аз ҷон бигзарад.

Хайрандешо, машав беҳуда дар фикри сафар,

Умри тоҷик беҳ, ки андар Тоҷикистон бигзарад.

***

Ҳарчӣ пайдо шуд ба дунё, оқибат гумм мешавад,

Баъди Хайрандеш Хайрандеш маълум мешавад.

Дӯстон, пешонаам шӯр асту дастам бенамак,

Дастпарвардам калон шуд, моли мардум мешавад.

Ошиқонро раҳму шафқат ҳастумеҳри модарӣ,

Ҳар кассе бе ишқ бошад бетараҳум мешавад.

Ишқ агар ишқи ҳақиқӣ бошаду сӯзанда ҷон,

Зоғ ҳам монанди одам бетакаллум мешавад.

Бишкуфад шоир миёни дӯстдорони адаб,

Моҳ ҳам хушрӯйтар дар байни анҷум мешавад.

Маст Хайрандеш аз ҷому сабӯи Мавлавист,

Эй Ҷалолиддин биё, Кӯлоб ҳам Рум мешавад.

Leave a Reply

Ваша адреса е-поште неће бити објављена. Неопходна поља су означена *